You are here

Санаи 14-уми феврали соли 2022 Ҷаласаи кори бо иштироки бевоситаи намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон!

Санаи 14-уми феврали соли 2022  бо иштироки бевоситаи намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар байни кормандони дастгоҳи марказии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии дар шаҳри Бохтар вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои асосие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 баён гардиданд, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ҳусни ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи ҷаласаи кориро, ки иборат аз ду масъала пешниҳод гардида буд, шинос карда, барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Баъдан баромадҳои намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вобаста ба масъалаҳои болозикр шунида шуд.

Зимни суханронӣ иброз гардид, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое мебошад, ки боиси аз байн рафтани Истиқлолияти комили давлатҳо мегардад.

Давлату Ҳукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст, ки яке аз ин барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буда, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақшаи - чорабиниҳои Стратегияи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, оқибатҳои зарарноки он ҳамчунин паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар якҷоягӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Мутаассифона то ҳол ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар ин самт шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар барои ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар амалҳои коррупсионӣ содир менамоянд, ки ин яке аз монеаҳои асосӣ баҳри мувафақона амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти як ду мақомот баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа кифоя набуда, танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона, мо метавонем, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».

Воқеан ҳам ҳар як фарди бо нангу номуси ватан бояд ин суханони Сарвари кишварро сармашқи кори худ намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумуи ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад.

Бояд тазаккур дод, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷиноятӣ вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст.

Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардида, барои ҳалли он тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Моро зарур аст, ки оид ба дарки моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи мазкур ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» дар байни кормандон барои боз ҳам баланд бардоштани маданияти онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, ҳамчунин барои интихоби дуруст, ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъин намудани мутахассисони болаёқату поквиҷдон дар мансабҳои хизмати давлатӣ диққати аввалиндараҷа диҳем.

Боиси қайд аст, ки аз рӯи таҷриба масъалаи пешгирии коррупсия яке аз усурҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия буда, татбиқи талаботи меъёрҳои моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» низ яке аз самтҳои асосии пешгирии коррупсия дониста мешавад. Дар ин модда ҳолатҳое, ки барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳумчун мамониат маҳсуб меёбанд, пешбинӣ гардидааст.

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:

1) доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;

2) агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;

3) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;

4) надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад;

5) бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ӯ ба мансабҳое, ки онро хешовандони ӯ ишғол кардаанд;

6) дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;

7) мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

2. Мамониатҳое, ки дар қисми 1-и моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба мансабҳои ташкилоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, татбиқ карда мешавад.

3. Дар сурати риоя накардани мамониати дар қисми 1-и моддаи мазкур пешбинишуда, қарори ба мансаб таъин ё интихоб шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор, дастури хаттӣ ё пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё бо ташаббуси худи мақомоти қарорро қабулкарда ё мақомоти болоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ, мову Шумо уҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои мавҷудбуда, самаранок истифода бурда, нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеаи мо решаи худро мустаҳкам намояд.

Агар ҳамаи мову Шумо ба хотири ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва пешрафти он, содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа мушкилотҳои мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф шуда, зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.

Сипас доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа оид ба нуқтаҳои асосие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, зикр гардид, ки воқеан, ҳам дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ намуда истодааст.

Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки таъмини иҷрои вазифаҳои болозикр барои беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, зиёд намудани андозаи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ замина гузошта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии соҳаи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ятимону бепарасторон дар Паёми навбатӣ пешниҳод гардид, ки:

- аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида, зиёд карда шаванд.

Дар идома мазмуну моҳияти Паёми Президенти мамлакат ба ҳозирин фаҳмонида дода шуда, қайд гардид, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон, суботу ҳамдигарфаҳмии бардавом ва устувории сиёсӣ бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Дар фарҷом қайд гардид, ки ҳар як фарди бо нангу номуси ватани азизамон бахусус хизматчиёни давлатӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав бояд беғаразона фаъолият намуда, ба ин васила дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA