нашр шудааст Шан, 18/03/2023 - 14:59
Субҳи 18 марти соли 2023 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати арзу ниёзи мардумро шунидан, ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом доданд.
нашр шудааст Чор, 08/03/2023 - 08:09
Бо арзи эҳтироми беандоза, шуморо дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо фарорасии Рӯзи Модарон, 8-март табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо, модарони покдоман ва мунису ғамхори тоҷик, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯст сиҳатмандиву хушбахтӣ, умри дароз, комёбиҳои беназир ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
нашр шудааст Ҷум, 23/12/2022 - 16:38
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
нашр шудааст Пан, 24/11/2022 - 14:40
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола санаи 24 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.
Pages